LIVE

Хави ҳимоятгари нав мехарад

Сармураббии «Барселона» Хави мехоҳад, ки ҳимоятгари марказии «Севиля» Жюл Кундеро дар ҳайати худ бубинад, хабар медиҳад Sport.es.

Ба иттилои манбаъ, мураббии испанӣ номзадии Кундеро муҳимтарин ва заруртарин унсури таҳкими хатти дифои бошгоҳ медонад.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки «Челси» ба трансфери ҳимоятгар манфиатдор аст ва «Севиля» дар сурати пешниҳоди фоидаовар омадан,  Кундеро мефурӯшад. Инчунин гуфта мешавад, ки худи Кунде мехоҳад тарки "Севиля" кунад.

Кундеи 23-сола соли 2019 ба «Севиля» гузашт. Аз он вақт инҷониб ҳимоятгари фаронсавӣ дар 133 бозӣ дар тамоми мусобиқаҳо 9 гол ва 3 партофти головар кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив