LIVE

Ракитич рафт, навбат ба Мессию Суарес расид

Журналист Фабритсио Романо дар Твиттери худ навиштааст, ки "Севиля" бо "Барселона" дар бораи боз пас гирифтани нимҳимоятгар Иван Ракитич ба мувофиқа расид. Бино ба иттилои манбаъ, нимҳимоятгар аллакай аз ташхиси тиббии “Севиля” мегузарад. Хабар дода мешавад, ки худи футболбози хорватӣ аз раҳбарияти “Барселона” хоҳиш кардааст, ки ӯро иҷозат диҳанд то дастаро тарк кунад. Ракитич бо “Севиля” то соли 2023 шартнома бастааст. Ракитич аз соли 2011 то 2014 низ дар "Севиля" бозӣ кардааст. Қаблан ӯ шарафи дастаҳои  "Шалке" ва "Базел"-ро низ ҳимоя кардааст. Шартномаи футболбоз бо “Барселона” то тобистони соли 2021 эътибор дошт.  Дар мавсими 2019/2020, Ракитич дар ҳамаи мусобиқаҳо 42 бозӣ гузаронида, муаллифи як гол ва  панҷ партофти головар шудааст.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив