LIVE

Беҳтарин футболбоз аз нигоҳи Ракитич

Иван Ракитич ҳамдастаи худ Лионел Мессиро васф намуда, инчунин  дар бораи Криштиану Роналду низ ҳарф зад.  
"Бозӣ кардан дар канори  Месси ин таассуроти махсус аст, зеро ӯ дар таърихи футбол беҳтарин маҳсуб мешавад.  Футболкорони махсус ҳамеша ҳастанд.  Ба фикрам Лео беҳтарин дар давоми 15 соли охир аст. Ман чунин мешуморам, ки ӯ беҳатрин футболбоз дар таърихи футбол маҳсуб меёбад. Бо ӯ бозӣ кардан давоми 6сол ин таассуроти хуб аст. 
Албатта ман мехостам бо Роналду низ бозӣ кунам. Ӯ низ аз зумраи беҳтаринҳои футбол дар таърихи ин риштаи варзиш маҳсуб мешавад.  Ба ман дидани бозиҳои ӯ писанд аст, мехоҳам донам, ки дар Ювентус чӣ гуна ҳунарнамоӣ мекунад. Ӯро беҳтарин футболбози дар тӯли таърих меҳисобам", гуфтааст: Ракитич.
Ёдовар мешавем, ки “Барселона” барои Иван Ракитич дастаи нав ҷустуҷӯ дорад ва яке аз номзадҳо тими “Ювентус” мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив