LIVE

Роналду рекорди Пелеро шикастанист

Ҳамлагари мунтахаби Португалия ва бошгоҳи «Ювентус» - Криштиану Роналду аз лиҳози голҳо дар таърихи футбол ба зинаи сеюм баромад. Барои такрор ё худ шикастани рекорди собиқ ҳамлагари дастон шоҳи футбол - Пеле 45 голи дигар боқӣ мондааст. Роналду 722 гол дорад. Пеле бошад, дар корномаи худ дар бозиҳои расмӣ 767 гол ба самар расонидааст. Дар исми собиқ футболбози дигари бразилӣ -Ромарио 734 гол дарҷ гардидааст. Криштиану Роналду дар даври 25-уми чемпионати Италия ба дарвозаи «Фиорентина» ду маротиба голзанӣ намуд. Ҳамакнун дар ҳисоби ин футболбоз дар маҷмуъ 722 зарбаи дақиқ ба қайд гирифта шудааст, бо ин нишондод Роналду аз собиқ футболбози олмонӣ - Герд Мюллер (720 гол) пеш гузашт. Дар зинаи аввал шоҳи футбол Пеле (767 гол) қарор дорад. Мақоми дуюмро ҳамватани ӯ - Ромарио (734 гол) ишғол мекунад. Месси дар панҷгонаи беҳтарин нишонзанҳо шомил гардидааст.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив