LIVE

Месси: Бозиҳои «Реал» бо Роналду бароям дидори махсус буд

Ҳамлагари «Барселона» Лионел Месси назари хешро дар бораи рақобати худ бо собиқ нишонзани «Реал» Криштиану Роналду баён намуд. 

«Ин рақобатпазирии махсус  аст, ки дар хотираҳои мухлисон ҳамеша нақш мебандад, зеро он солиёни дароз идома кард.  Дар сатҳи баланд нигоҳ доштани он кори саҳлу сода набуд. «Реал» ва «Барселона» ду дастаи беҳтарини ҷаҳон маҳсуб мешаванд. Рақобати солими варзишӣ миёни мо хушҳолкунанда буд ва он дар ҳайёти мо нақши бузург гузошт. Ман гумон мекунам, ки мухлисон новобаста аз он, ки онҳо ҳаводори «Реал» ва «Барселона» буданд ё не аз он ҳаловат бурдаанд. 
Аён буд, ки замоне, ки Криштиану дар «Реал» бозӣ мекард, дидорҳо ҳамеша махсус буданд. Рақобат бо «Реал» ин вижагии худро дорад, аммо вақте, ки дар он Криштиану буд, он каме махсусияти дигар дошт. Ин ҳамааш дар гузашта буд, моро зарур аст, ки ба оянда назар андозем», гуфтааст Месси.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив