LIVE

Валверде: ҳайати “Реал” барои мо муҳим нест

Сармураббии «Барселона» Эрнесто Валверде назари хешро дар бораи бозии Эл - Классико чунин баён намуд. 

«Новобаста аз он, ки «Реал» бо кадом ҳайат ба майдон мебарояд, мо бояд дар бораи бозии худ фикр кунем, на дар бораи футболбозони лат бардоштаи рақиб. Ба ҷойи Азар, ки ҷароҳат дорад, метавонад Бэйл,  Иско, Винисиус ё ин ки  Родриго вориди майдон гардад. Курсии футболбозони онҳо дароз аст.  Моро мебояд, ки сенарияи бозии худро дошта бошем. Барои бархе аз бозигарони мо ин нахустин имтиҳони ҷиддӣ маҳсуб мешавад»,  гуфтааст Эрнесто Валверде. 
Ёдовар мешавем, ки вохӯрии «Барселона» ва «Реал» шоми имрӯз соати 23:55 бо вақти Душанбе баргузор мегардад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив