LIVE

Роналду беҳтарин бозигари моҳ

Ҳамлагари «Ювентус» Криштиану Роналду беҳтарин футболбози Серияи А дар моҳи январ интихоб шуд. 
Соли 2020-ро Роналду бо нишондодҳои назаррас оғоз намуд. Ӯ дар 4 бозӣ ба задани 7 гол даст ёфт. Роналду дар ин дидорҳо ҳамчунин хет-трик ва дублро марбути номи худ гардонид. Ёдовар мешавем, ки унвони беҳтарин бозигари моҳи декабрро низ ҳамлагари португалӣ соҳиб шуда буд. Дар ин миён Криштиану Роналду дар 8 бозӣ пайдарҳам бо пироҳани «Ювентус» голзанӣ намудааст, ки ин нишондоди рекордӣ маҳсуб мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив