LIVE

Дастаи ояндаи Ракитич маълум шуд

Ниммуҳофизатгари  «Барселона» - Иван Ракитич корномаи варзишии худро дар дастаи «Тоттенхэм Хотспур» идома медиҳад. Дар ин бора  Mundo Deportivo хабар медиҳад.
Клуби англисӣ назар ба дигар дастаҳои довталаб имкони хубтар барои ба даст овардани футболбози хорватиро дорад. Ба ҳунари Ракитич  дар баробари «Тоттенхэм», инчунин «Севиля», «Атлетико» ва «Ювентус» низ таваҷҷуҳ доранд.  «Севиля» маблағ  надорад. Бошгоҳи туриниро сину соли бозигар ба шубҳа овардааст ва «Атлетико» бошад, барои Ракитич  шартномаи бисёрсола пешниҳод карда наметавонад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив