LIVE

Футболбози калидии «Тоттенхэм» азми рафтан дорад

Ҳамлагари  марказии «Тоттенхэм Хотспур» - Гарри Кейн тобистони имсол мақсад дорад, ки пешниҳоди дигар тимҳоро мавриди баррасӣ қарор диҳад. Дар ин бора The Telegraph хабар медиҳад.
Кейн бовар дорад, ки «Тоттенхэм» бо ҳайати феълии хеш имкони ба даст овардани ҷойзаро дорад.  Аммо дар сурати ба даст наовардани роҳхати Лигаи Чемпионҳо даста дучори мушкилиҳои зиёд хоҳад шуд. 
Роҳбарияти тими лондонӣ тамоми талошҳоро мекунад то ин ҳамлагарашро дар ҳайати худ нигоҳ дорад. Дар ҳолате, ки нишонзани мунтахаби Англия мақсади тарки дастаро дошта бошад, пас «Тоттенхэм» 150 млн £ аз ҳисоби ӯ маблағ ба даст меорад. 
Кейн дастпарвари «Тоттенхэм» маҳсуб мешавад. Сар аз соли 2009 форвард дар ҳайати асосӣ бозӣ мекунад дар мавсими ҷорӣ ӯ 17 гол ва 2 партофти головар анҷом додааст.  
Қарордоди Гарри то 30-юми июни соли 2024 эътибор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив