LIVE

Ниммуҳофизатгари «Тоттенхэм» дастаро тарк мекунад

Ниммуҳофизатгари «Тоттенхэм» - Кристиан Эриксен имкон дорад, ки  ба «Ювентус» гузариш кунад. Ба иттилои бархе аз сарчашмаҳои хабарӣ туриниҳо расман ба футболбози мазкур дар тамос будаанду назари ӯро дар ин самт пурсидаанд. Сармураббии ҷадиди дастаи «Тоттенхэм» - Жозе Моуриню иброз доштааст, ки мақсад дорад то ин футболбозро дар даста нигоҳ дорад. Ҳамчунин мутахассиси португалӣ гуфтааст, ки ояндаи Эриксен барои ӯ ба хуби ошност, аммо ҳоло ошкор нахоҳад кард. Ниммуҳофизатгари 28 сола бошад, иқрор шудааст, ки хоҳиши санҷидани ҳунари худ дар дастаҳои дигарро дорад. Дар баробари «Ювентус», ҳамзамон «Реал» ва «Манчестер Юнайтед» низ бо ӯ шартнома бастан мехоҳанд. Эриксен пешниҳоди тамдиди қарордодро бо «Тоттенхэм» қабул накардааст. Муҳлати шартномаи ӯ бо дастаи лондонӣ тобистони соли 2020 ба аноҷм мерасад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив