LIVE

“Тоттенхэм”-и Жозе соҳиби имтиёз шуд

Рақобати дастаҳои футболи “Тоттенхэм” ва “Брайтон” ба ҷараёни бозиҳои даври 19-уми Премйер-лигаи Англия расман ифтитоҳ бахшид.  «Тоттенхэм» баъд аз нокомӣ аз тими «Челси» дар назди мухлисонаш бохти худро ҷуброн намуд.  Дар рӯзҳои Боксинг Дэй “Тоттенхэм” бар  «Брайтон» бо ҳисоби 2 бар 1 завар ёфт.  Ба голи задаи Адам Уэбстер дар қисми дуюми рақобат, лондониҳо бо зарбаҳои дақиқи Гарри Кейн 1:1 (53) ва Деле Алли 2:1 (72) посух гуфтанд. 
Беҳтарин бозигари дидори мазкур, ниммуҳофизатгари “Тоттенхэм” Деле Алли гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив