LIVE

Пирӯзии "Ливерпул" бар "Тоттенхэм"

Бозии марказии даври 10-уми ПЛА ин рақобати дастаҳои “Ливерпул” ва “Тоттенхэм Хотспур” ба шумор мерафт. Нерусанҷии тимҳо дар варзишгоҳи сермухлиси “Энфилд”-и шаҳри Ливерпул баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ба суди “сурхпӯшҳо” хотима ёфт. Ҳанӯз дар дақиқаи 1-уми майдондорӣ ҳамлавари моҳиру мумтози меҳмонон Ҳарри Кейн ҳисобро боз кард. Ҳамин тавр қисмати аввали бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба суди “Тоттенхэм” хотима ёфт. Дар дақиқаи 52-юми бозӣ Ҷордан Хендерсон ҳисобро баробар кард. Дар ин майдондорӣ нуқтаи ниҳоиро ҳамлавари мисрии мизбонон Муҳаммад Салоҳ аз зарбаи ҷаримавии 11 метра ба самар расонида, пирӯзии навбатии “Ливепрул”-ро таъмин сохт. Баъди ин муваффақият “Ливерпул” бо касби 28 хол садрнишини ягонаи ҷадвали ПЛА гардид. Ин пирӯзӣ як қадами дигар “Ливерпул”-ро ба сӯи орзуҳои деринааш бурд. 
Чемпионати Англии. Премйер-лига
Даври 10-ум
«Ливерпул» — «Тоттенхэм Хотспур» — 2:1 (0:1)
Голҳо: Кейн, 1 (0:1). Хендерсон, 52 (1:1). Салоҳ, 75 —пеналти (2:1).
«Ливерпул»: Алиссон, Александр-Арнолд, ван Дейк, Ловрен, Робертсон, Хендерсон, Фабиню, Вайналдум (Милнер, 77), Салоҳ (Гомес, 85), Роберту Фирмину (Ориги, 90+3), Мане.
«Тоттенхэм»: Гассанига, Орйе (Лукас Моура, 84), Алдервейрелд, Санчес, Роуз, Сон Хин Мин, Сиссоко, Уинкс (Ндомбеле, 63), Эриксен (Ло Челсо, 88), Алли, Кейн.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив