LIVE

Рафтани ду футболбоз аз «Барселона» маълум шуд

Бино ба иттилои Marca, фурӯши нимҳимоятгар Иван Ракитич ва ҳамлагар Луис Суарес дар бозори  трансферӣ яке за муваффақиятҳои асосии даста ном бурда мешавад. 
Баъди он, ки бошгоҳи каталонӣ дар даври ¼ ниҳоии Лигаи чемпионҳо аз “Бавария” (2: 8) шикаст хурд, роҳбарияти клуб дар бораи тағироти кадрӣ ҷиддӣ фикр дорад. Бозигари хорватии 32-сола ва ҳамлагари уругвайи 33-сола дар феҳристани нафароне шомил шудаанд, ки бояд дастаро тарк кунанд. 
Қаблан дар расонаҳо хабари бозгаши Суарес ба дастаи "Aякс" паҳн гардид, аммо пешниҳодҳои мушаххас то ҳол нарасидаанд. Худи ҳамлагар бошад, иқрор шудааст, ки дар бораи рафтанаш аз “Барселона” чизе намедонад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив