LIVE

Хуан Мата тарки "МЮ" мекунад

Футболбози «Манчестер Юнайтед»  Хуан Мата  тарки даста мекунад. Вай дар робита ба анҷоми шартнома, ки тарафҳо тасмим гирифтанд онро тамдид накунанд, тарк мекунад.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки Мата дар фикри анҷоми карйераи футболбозӣ нест. Ҳамзамон ӯ намехоҳад шомили ситоди мураббиёни манкунианҳо шавад. Дар мавсими имсола нимҳимоятгар дар 5 бозии ҳамаи мусобиқаҳо ҳамагӣ 177 дақиқа дар майдон баромад кард. Нархи бозории Мата 3 миллион евро арзёбӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дастпарвари дастаи "Овйедо" ва "Реал Мадрид" намехоҳад ба Испания баргардад. Вай дигар пешниҳодҳои клубҳои 5 лигаи беҳтарини Аврупоро баррасӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив