LIVE

Тен Ҳаг 10 футболбози "МЮ"-ро ҷавоб медиҳад

Daily Mail хабар медиҳад, ки «Манчестер Юнайтед»-ро пас аз мавсими ҷорӣ 10 футболбоз тарк мекунад.

Қайд карда мешавад, ки сармураббии нави даста Эрик тен Ҳаг тағйироти ҷиддиеро ба нақша грифтааст, ки тибқи он Пол Погба ва Эрик Бейи, Аарон Ван-Биссака, Эдинсон Кавани, Неманя Матич, Хуан Мата, Ли Грант, Ҷесси Лингард ва Фил Ҷонс метавонанд дар равзанаи тобистона дастаро тарк кунанд.

Ёдовар мешавем, ки шартномаи байни «Манчестер Юнайтед» ва Тен Хаг то соли 2025 ба нақша гирифта шудааст. Дар он ҳамчунин имкони тамдиди ҳамкорӣ бо сармураббӣ бо ризоияти тарафҳо барои як мавсими дигар пешбинӣ шудааст.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив