LIVE

Боз як футболбози калидии “МЮ” маҷрӯҳ шуд

Ҳамлагари 25-солаи “Манчестер Юнайтед” - Антони Марсиал дар бозии аввали марҳилаи 1/8 финалии Лигаи Аврупо бо “Милан” (1:1) маҷрӯҳ шуд, гуфт сармураббии “девҳои сурх” Уле-Гуннар Сулшер дар нишасти хабарии баъд аз бозӣ.

«Марсиал ҷароҳат бардошт, мо боз як ҳамлагари дигарамонро аз даст додем, ки ӯ низ дар ояндаи наздик ба мо кӯмак раоснида наметавонад.  Умедворам, ки Рашфорд дар бозии ҷавобӣ бо “Милан” бо мо хоҳад буд. 
Дар мавриди Кавани бошад! Ман фикр намекунам, ки Эдинсон то рӯзи якшанбе ба мо дастрас мешавад. 
Дар мавсими ҷорӣ Марсиал дар 35 вохӯрӣ дар ҳайати «Манчестер Юнайтед» дар ҳамаи мусобиқаҳо ширкат варзидааст, ки дар онҳо ҳафт гол ва ҳашт партофти гол анҷом додааст. Феълан бозигарон аз қабили Фил Ҷонс,  Маркус Рашфорд,  Донни ван де Бек,  Эрик Бейи, Виктор Линделёф, Хуан Мата, Давид де Хеа  ва Пол Погба ҷароҳатҳои гуногун бардошта, ба табобат машғуланд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив