LIVE

Тақдири Кавани дар Манчестер муайян шуд

Ҳамлагари уругвайии "Манчестер Юнайтед" Эдинсон Кавани як мавсими дигар шарафи девҳои сурхро ҳимоя хоҳад кард. Созишномаи ин футболбози уругвайӣ охири мавсими ҷорӣ ба анҷом мерасид. Ҳамакнун футболбози 34-сола то тобистони соли 2022 дар Манчестер хоҳад монд.  Қаблан расонаҳо менавистанд, ки Кавани хоҳиши тарк кардани дастаро дорад. Вале  роҳбарияти "Манчестер Юнайтед" ва сармураббӣ Уле Гуннар Сулшер исрор карданд, то Кавани боқӣ монад. Дар мавсими ҷории футбол Кавани   дар 35 бозӣ 15 гол зада, 5 партофти головар  анҷом додааст.  Ёдовар мешавем, ки   Эдинсон аз моҳи октябри соли 2020   дар "Манчестер Юнайтед" ҳунарнамоӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив