LIVE

Марсело тарки "Реал" мекунад

Ҳимоятгари бразилии «Реал Мадрид» тобистон тарки даста мекунад, дар ин бора  Olé хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, футболбози 33-сола метавонад ба дастае баргардад, ки дар он ҷо фаъолияти худро оғоз кардааст - «Флуминенсе», ки моҳи январи соли 2007 аз онҷо ба бошгоҳи шоҳона гузашт.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар қароргоҳи «Реал» аллакай тасмим гирифтаанд, ки шартномаи Марселоро, ки  охири мавсими имсола ба анҷом мерасад, тамдид нахоҳанд шуд. Дар мавсими имсола бразилиягӣ дар 5 бозии "Реал" ширкат кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив