LIVE

Дар баробари Рамос Варан низ тарки "Реал" мекунад

Ҳимоятгари “Реал Мадрид” ва тими милли Фаронса Рафаэл Варан метавонад ба “Челси” гузарад. Бино ба иттилои манбаъ, сармураббии бошгоҳи англисӣ Томас Тухел шахсан гузариши футболбози 27-солаи фаронсавиро дастгирӣ намудааст. Пештар хабар дода шуда буд, ки "Манчестер Юнайтед" ба Варан таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад. "Реал" дар навбати худ омодааст пешниҳоди муфидро барои гузариши ин бозигар баррасӣ кунад. Варане аз соли 2011 инҷониб дар “Реал” бозӣ мекунад.  Шартномаи ӯ бо клуби шаҳри Мадрид то 30 июни соли 2022 эътибор дорад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив