LIVE

Сабаби рафтани Варан аз “Реал” маълум шуд

“Реал Мадрид” омодааст ҳимоятгари марказии худ Рафаэл Варанро ба  фурӯш гузорад.  
Клуби шаҳри Мадрид футболбозро дар сурате раҳо мекунад, ки аз ҳисоби вай 50 миллион евро маблағ ба даст орад. Marca навиштааст, ки “Ювентус” ва “Челси“ ба ин бозигари 27-сола таваҷҷӯҳ доранд, дар ҳоле ки роҳбарияти “Манчестер Юнайтед” ва “ПСЖ” низ ӯро дар ҳайати тимҳои хеш дидан мехоҳанд.  
“Реал” мехоҳад Варанро ба “ПСЖ” фурӯшад, зеро Перес мехоҳад муносибатҳои дӯстонаро бо роҳбарияти “Париж” боз ҳам тақвият дода, дар ин раванд  Килиан Мбапперо ба даст орад. 
 Хабар дода шуд, ки агар Варан бо “Реал”  шартномаи нав бастан нахоҳад, пас он вақт мадридиҳо қабл аз анҷоми қарордоди куҳна мехоҳанд, ки як соли бидуни Варанро қурбон кунанду муҳофизатгарро тобистони имсол фурӯшанд. Созишномаи ҳозираи фаронсавӣ бо клуб моҳи июни соли 2022 ба итмом мерасад ва он вақт бозигари тими миллии Фаронса имкон дорад, ки ройгон ба дастаи дигар гузарад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив