LIVE

Билохира легенда тарки "Манчестер Юнайтед" мекунад

Хуан Мата пас аз 7 сол "Манчестер Юнайтед"-ро тарк мекунад. Футболбози 33 сола аз се бошгоҳи Аврупо пешниҳод қабул намудааст. 
Ба иттилои todofichajes.com, ба бозингари испанӣ дастаҳои «Нюкасл»-и Англия, «Реал Сосйедад»-и Испания ва «Фенербахче»-и Туркия таваҷҷуҳ доранд.  Хабар дода мешавад, ки ин интиқол эҳтимол дар давраи трансфери зимистона сурат мегирад. Худи нимҳимоятгар ҳанӯз дар бораи ояндааш  тасмим нагирифтааст. Дар мавсими имсола Мата то ҳол ба майдон наомадааст. Ба ӯ танҳо 62 дақиқа дар бозии Ҷоми Англия бо “Вест Хэм” имкони бозиро доданд. 
 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив