LIVE

Ҷейдон Санчо ба Манчестер рафт

Ҷейдон Санчо  барандаи нишони нуқраи Чемпионати Аврупо 2020 дар ҳайати мунтахаби Англия ба шаҳри Манчестер баргашт. 

Нимҳимоятгар Ҷейдон Санчо   расман аз тими "Боруссия Дортмунд"-и Олмон ба ҳайати "Манчестер Юнайтед"-и Англия пайваст. Дар бораи гузариши футболбоз тими "Манчестер Юнайтед" дар сомонаи расмии худ хабар додаст.  Футболбози 21-солаи англис бо ин тими шаҳри Манчестер то тобистони соли 2026 шартнома имзо намудааст. Дар созишнома инчунин банди имкони тамдид  барои як соли дигар низ пешбинӣ шудааст. Маблағи гузариши футболбоз маълум нест, аммо қаблан хабар буд, ки  "Манчестер Юнайтед" барои Ҷейдон ба "Боруссия" 85 миллион евро пардохт мекунад. Санчо дастпарвари академияи бошгоҳи "Уотфорд" мебошад. Ӯ соли   2015 дар синни 14 солагӣ  ба академияи   дастаи "Манчестер Сити" ҳамроҳ шуд. Аз соли 2017 то соли 2021 бошад, шарафи бошгоҳи "Боруссия"-ро ҳимоя намудааст. Дар мавсими гузашта, нимҳимоятгар дар 26 бозии Бундеслигаи Олмон ширкат варзида, ҳашт гол зада, 11 партофти головар анҷом додааст. Барандаи нишони нуқраи Чемпионати Аврупо 2020 бо пироҳанҳои тими миллии Англия дар бошгоҳи "Манчестер Юнайтед" бо шумораи 25 ҳунарнамоӣ хоҳад кард. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив