LIVE

"Манчестер Юнайтед" ду бозигари асосии худро ба фурӯш мегузорад

"Манчестер Юнайтед" омодааст то рафтани  дарвозабон Давид де Хеа ва ҳамлавар Антони Марсяляро  дар равзанаи трансферии тобистона мавриди баррасӣ қарор диҳад. Тибқи иттилои Eurosport, роҳбарияти “девҳои сурх” дар охири мавсим дар бораи ҳамкориҳои минбаъда бо дарвозабони испанӣ тасмим мегирад, бо назардошти он ки аз вазъи худ дар даста дарвозабони ҷавон Дин Ҳендерсон норозӣ аст. Футболбози 23-солаи англис аз миқдори ками вақти бозӣ нигарон аст ва ӯ нақшаи “Манчестер Юнайтед”–ро дорад. Роҳбарияти бошгоҳ бошад, воқеан  ҳам рафтани вайро намехоҳанд, зеро онҳо дар ҳунари Ҳендерсон дарвозабони ояндаи худро мебинанд. 
“Пари Сен-Жермен” довталаби дарвозабони испанӣ гуфта мешавад. Аммо парижиҳо ба Уго Ллорис аз “Тоттенхэм” ва Ҷанлуиджи Доннарумма аз “Милан” низ таваҷҷӯҳ доранд.
Раҳбарони “Манчестер Юнайтед” инчунин масъалаи фурӯши Антони Марсиалро баррасӣ мекунанд. Маблағи фурӯши эҳтимолии ӯ бояд ба хариди бозикуни  “Боруссия” - Дортмунд Ҷейдон Санчо равона шавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив