LIVE

"Манчестер Юнайтед" ба ситораи "Боруссия" таваҷҷуҳ дорад

Ҳамлавари тими "Боруссия" Дортмунд - Ҷедон Санчо ҳадафи асосии "Манчестер Юнайтед" дар равзанаи гузаришҳои тобистона гардидааст. Даста аллакай болои қарордод бо агенти бозигар гуфтушунид анҷом додаанд. Дар ин бора Independent.ie иттилоъ дод.
"МЮ" ба футболбози 20 сола рақами 7-ро ваъда додааст, ки дар зери он бисёр бозигарони афсонавӣ, аз ҷумла Криштиану Роналду ва Ҷорҷ Бест бозӣ кардаанд. "Манчестер Юнайтед" инчунин омодааст бо Санчо шартномаи гаронарзиш пешниҳод кунад. Агар Санчо ба "МЮ" гузарад, дар як ҳафта 400 ҳазор фунт стерлинг (452 ҳазор евро) маош мегирад. "Боруссия", ки мехоҳад аз фурӯши Ҷедон 130 миллион евро маблағ ба даст биёрад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив