LIVE

“МЮ” бо сарфи 85 млн футболбози мунтахаби Англияро ба ҳайати худ ҷалб сохт

“Манчестер Юнайтед” дар сайти расмии худ дар бораи гузариши нимҳимоятгар Ҷейдон Санчо аз “Боруссия”-и Дортмунд хабар дод.
Футболбози 21-солаи тими миллии Англия бо “Девҳои сурх” барои панҷ мавсим то тобистони соли 2026 шартнома бастааст. Дар созишнома инчунин имкони тамдиди як соли дигар пешбинӣ шудааст. Маблағи созишнома ифшо нашудааст, аммо хабар дода шуд, ки "Манчестер Юнайтед" барои Ҷайдон ба "Боруссия" 85 миллион евро пардохт хоҳад кард.
Санчо дастпарвари “Уотфорд” ва “Манчестер Сити” аст, аммо дар “Боруссия” сар  аз соли 2017 бозӣ мекунад. Вай аз соли 2018 ба дастаи мунтахаби Англия даъват карда мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив