LIVE

Артуро Видал расман бозигари «Интер» шуд

«Интер» дар саҳифаи  расмии худ дар бораи бастани шартнома бо Артуро Видал хабар дод. Давомнокии қарордод ва шартҳои созишнома ошкор нашудааст, аммо қаблан хабар дода шуда буд, ки миланиҳо барои бозигари мунтахаби Чили 1 миллион евро пардохт хоҳанд кард. Бино ба гузоришҳои расонаҳо, музди солонаи Видал дар "Интер" бо истиснои мукофотпулӣ 6 миллион евро хоҳад буд ва созишнома то соли 2022 эътибор хоҳад дошт. Имкони тамдиди қарордод барои як соли дигар мавҷуд аст. 
Хабар дода шуд, ки Видал шартномаи худро бо “Барселона” бекор кард ва дигар бозигари клуби каталония нест.
Нимҳимоятгари 33-сола аз соли 2018 дар “Барселона”-ро ҳимоя мекунад ва қабл аз он дар дастаҳои “Бавария”, “Ювентус”, “Байер” бозӣ кардааст. Вай аз соли 2007 ба дастаи мунтахаби Чили даъват карда мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив