LIVE

Видал аз "Барса" меравад

«Ювентус» ба хулоcае омад, ки собиқ ниммуҳофизатгари худ Артуро Видалро дубора пас бигирад. Иттилоъ медиҳад Daily Mail. Тавре гуфта мешавад, барои бозгашти футболбози чилигӣ сармураббии нави туриниҳо Андреа Пирло дархост кардааст.  Худи футболбоз низ хоҳиши баргаштан ба  «Ювентус»-ро дорад.   Ёдовар мешавем, ки Пирло бо Видал аз соли 2011 то 2015 якҷо бозӣ кардаанд. Артуро Видал ба  «Барселона» соли  2018 гузариш намуд. 
Қаблан Видал дар дастаҳои «Байер»,  «Бавария» ва «Ювентус» бозӣ кардааст.  Бо «Барселона» Видал  чемпион ва барандаи Суперҷоми Испания шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив