LIVE

Бускетс ва Видал дар бозии ҷавобӣ роҳ дода намешаванд

Ниммуҳофизатгари «Барселона» - Серхио Бускетс ва Артуро Видал дар бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо бар муқобили «Наполи» дар  «Камп Ноу» ҳуқуқи ба майдон баромаданро надоранд. 
Бускетс дар дақиқаи 49-уми бозӣ корти зард гирифт. Ин сеюмин корти ӯ дар мусобиқа маҳсуб меёбад, ки ба ҳамин хотир дар як бозӣ маҳрум карда шуд. Видал бошад, дар дақиқаи  89-уми дидор ду корти зард гирифта, майдонбадар шуд. 
Ҳамчунин муҳофизатгари марказии  «Барселона» - Жерар Пикеро дар охири рақобат буғуми пояш лат бардоштааст. Ба майдон баромадани ӯ на танҳо дар дидори дуюм, балки «эл класико» низ зери суол мемонад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив