LIVE

Видал: «Барселона»-ро ба суд дод

Ниммуҳофизатгари «Барселона» Артуро Видал барои пардохт накардани иловапулиҳо бошгоҳи каталониро ба суд додааст. Ба гуфти ҳуқуқшиноси футболбоз «Барселона» тибқи шарномаи тарафайн мебоист ба ниммуҳофизатгари чилигӣ  2,4 млн € мабалғ ҳамчун мукофотпулӣ пардохт мекард, аммо ин маблағ ба суратҳисоби Видал нагузаштааст. Дар навбати худ Артуро Видал гуфтааст, ки барои ҷуброн кардани мабалғи мазкур дастаро на ман, балки ҳуқуқшиносам ба додгоҳ кашидааст ва ин рисолати ӯ мебошад.  
Видал феълан бо тими «Интер»-и Италия гуфтушунид анҷом дода, нақшаи гузариш ба ин дастаи миланиро дорад. Дар мавсими ҷорӣ ниммуҳофизатгари 32 сола 19 маротиба дар ҳайати барса ба майдон баромада, 5 гол  задааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив