LIVE

Видал: Ман аз ояндаи хеш нигарон нестам

Ниммуҳоизатгари мунтахаби Чили ва бошгоҳи “Барселона” Артуро Видал нисабти овозаҳо атрофи гирди номи ӯ дар мавриди он, ки гуё моҳи январ тарки дастаи испанӣ хоҳад кард, чунин шарҳ дод. 

“Ман аз ояндаи худ дар клуб нигарон нестам. Ба ин масъалаҳо намояндаи махсусам сару кор дорад. Ман кори худро анҷом додам ва дигараш дар дасти ман нест. Вақте, ки мо сари як миз менишинем, онҷа тақдири ман ҳал хоҳад шуд. Бо вуҷуди ин ҳама ман мехоҳам дар Аврупо боқи монам, зеро солҳои туллонист, ки иҷо бозӣ мекунам ва мақсад дорам, ки ҳамингуна корро идома бахшам. Дар мавриди нақши ман дар “Барселона” бошад, бозӣ кардан ё накарданам дар дасти мурабист. Ӯ хулосабарорӣ мекунад. Ман тамоми талошҳоро мекунам то даста дар анҷоми мавсим ҷойзаҳоро болои сар бардорад, ” гуфтааст Артуро Видал.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив