LIVE

Неймар «Барселона»-ро ба суд дод

Ҳамлавари бразилии «ПСЖ» Неймар нисбати “Барселона” барои пардохт накардани маблағи шартномаи тарафайн ба суд шикоят бурдааст. Каталониҳо ба собиқ футболбозашон тибқи қарордод бояд як миқдори муайян мабалғ ҳамчун мукофот пардохт мекардаанд, аммо ба иқрори Неймар ин маблағро ба даст наовардааст. Дар чаҳор соле, ки футболбоз пироҳани Барсаро ба тан дошт, маблағи имтиёзии ӯ ба 3,5 млн евра расидааст. Аммо даста ин миқдор маблағро ба футболбоз пардохт накардааст. Ҳамлавари «ПСЖ» мақсад дорад, ки ҳақ ба ҳақдор расад. Ин мушкилот қаблан низ миёни футболбозу роҳбарияти клуб сар зада буд, аммо ҷониби “Барселона” ба Неймар ваъда додабуд, ки дар сурати боз паст гирифтани аризаи шикоятии худ, метавонанд тобистони соли ҷорӣ ӯро аз «ПСЖ» харидорӣ намоянд. Баъди ба ваъда вафо накардан ҳамлагар ҳамкнун болои ин як аризаи навбатӣ барои пардохти боз  100 ҳазор еврои дигар болои тими собиқаш ба суд шикоят бурдааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив