LIVE

Шикояти «Вест Бромвич» аз болои «Барселона» ба ФИФА

Бошгоҳи футболи «Вест Бромвич» аз болои дастаи “Барселона” барои напардохтани ҳаққи трансферӣ ба ФИФА шикоят кард. Дар ин бора маҷаллаи Mirror хабар медиҳад. Қаблан каталониҳо аз тими «Вест Бромвич» Луи Бэрриро харидорӣ намуда буданд. Ба хотири гузариш ба тими «Барселона» ин ҳамлавар пешниҳоди шартномаи 3 солаи бошгоҳи англисиро рад намуда буд. Тибқи қонуни ФИФА арзиши футболбози 18 сола аз 260 ҳазор евро боло нест. Роҳбарияти «Вест Бромвич» мегӯяд, ки “нилунориҳо” то ҳол ба мо маблағ пардохт накардаанд ва дар мавриди харидории Луи Бэрри низ бо мо маслиҳат накардаанд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив