LIVE

Боз як ниммуҳофизатгар аз "Барса" рафт

Артуро Видал нимҳимоятгари чилигии "Барселона" ба Милан сафар карда, бо "Интер" шартнома хоҳад баст.  Хабар дода мешавад, ки "Интер" барои ин трансфер як миллион евро пардохт хоҳад кард. Видал аллакай шартномаро бо клуби собиқи худ қатъ кардааст. Футболбоз қабл аз сафар ба Италия бо собиқ ҳамдастагону мухлисони  “Барселона” хайрухуш кард.
Қаблан маълум шуд, ки Видал ба ҳайати “Интер” мепайвандад.  Музди солонаи ӯ бо дарназардошти мукофотпулӣ 6 миллион евро хоҳад буд. Созишнома то соли 2022 бо имкони тамдиди як соли дигар эътибор дорад.
Артуро аз соли 2018 дар “Барселона” бозӣ мекард.  Қабл аз бошгҳои каталонӣ футболбози мазкур дар “Бавария”, “Ювентус”, “Байер” ва “Коло-Коло” бозӣ мекард. Нимҳимоятгар аз соли 2007 ба дастаи мунтахаби Чили даъват карда мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив