LIVE

Санчес ба «Манчестер Юнайтед» зарари калон расонид

Алексис Санчес расман футболбози «Интер» шуд.
Дафтари матбуотии клуби итолёвӣ хабар додааст, ки футболбози 31 сола бо клуби миланӣ то 30-юми июни соли 2023 шартнома ба имзо расонид. «Интер» футболбози мазкурро ройгон ба ҳайати хеш шомил сохт. 
Қаблан Санчес дар дастаи «Манчестер Юнайтед» бозӣ мекард ва ба «Интер» кироя дода шуда буд. 
Чанд рӯз қабл ин бозигари мунтахаби Чили қарордоди худро бо «Манчестер Юнайтед» қабл аз анҷоми муҳлат бекор кард. 
Футболбози мазкур дар дастаи  «Интер» 7 млн евро дар як сол маош мегирад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив