LIVE

Ин ҳафта боз як нафари дигар аз "Барса" меравад

Нимҳимоятгари чилигии “Барселона” Артуро Видал метавонад ин ҳафта бозигари “Интер”-и Милан шавад. Роҳбарияти бошгоҳи итолиёвӣ ба гузариши футболбоз ва ба хуби анҷом ёфтани ин муомилоту имзо шудани қарордод шубҳае надоранд. Мӯҳлати созишнома то соли 2022 пешбинӣ шудааст ва маоши Видал дар “Интер” 6 миллион евро хоҳад буд. Қаблан маълум шуд, ки футболбози чилигӣ аз “Барселона” барои қатъ кардани шартнома миқдори муайяни пул талаб кардааст. Дар чемпионати Испания Артуро Видал дар ҳайати “Барселона” 33 бозӣ гузаронида, 8 гол задааст. Ӯ тобистони соли 2018 аз “Бавария” ба “Барса” омада буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив