LIVE

Рӯзи гузариши Артуро Видал ба "Интер" муайян шуд

Нимҳимоятгари чилигии “Барселона” Артуро Видал рӯзи 14-уми сентябр баъд аз гузаштан аз ташхиси тиббӣ, расман бозигари “Интер”-и Милан мешавад. Роҳбарияти бошгоҳи итолиёвӣ ба гузариши футболбоз ва ба хуби анҷом ёфтани ин муомилоту имзо шудани қарордод шубҳае надоранд. Мӯҳлати созишнома то соли 2022 пешбинӣ шудааст ва маоши Видал дар “Интер” 6 миллион евро хоҳад буд. Қаблан маълум шуд, ки футболбози чилигӣ аз “Барселона” барои қатъ кардани шартнома миқдори муайяни пул талаб кардааст. Дар чемпионати Испания Артуро Видал дар ҳайати “Барселона” 33 бозӣ гузаронида, 8 гол задааст. Ӯ тобистони соли 2018 аз “Бавария” ба “Барса” омада буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив