LIVE

Пол Погба дар Англия мондан намехоҳад

Нимҳимоятгари фаронсавии «Манчестер Юнайтед» Пол Погба нақшаи идомаи фаъолияти худро дар Англия надорад, хабар медиҳад Sky Sports.

Ба иттилои манбаъ, бозигар тасмим гирифтааст, ки тобистони соли ҷорӣ дастаи «МЮ»-ро тарк кунад. Дар Англия нимҳимоятгар имконоти идомаи касбашро баррасӣ намекунад. Дурустии ин тасмимро барои фаронсавӣ мухлисоне ҳам тасдиқ карданд, ки аз рафторашон дар бозиҳои охир  Погба  норозӣ аст.

Ёдовар мешавем, ки Погба соли 2016 аз “Ювентус” ба “Манчестер Юнайтед” гузашта буд. Нархи интиқол 100 миллион евроро ташкил дода буд. 
Нархи бозории футболбози фаронсавӣ аз ҷониби Transfermarkt ҳудуди 55 миллион евро муқаррар шудааст. Аз соли 2013 Погба ба тими миллии Фаронса даъват мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив