LIVE

Ду бозингари тими мунтахаби Фаронса гирифтори коронавирус гардиданд

Нимҳимоятгари дастаи "Манчестер Юнайтед" - Пол Погба ба коронавирус гирифтор шудааст, хабар медиҳад, L’Equipe. Бо сабаби сироятёбӣ ба COVID-19, Погба, ки бояд ба тими миллии Фаронса барои бозиҳои Лигаи Миллатҳо даъват мешуд, ба ҷои ӯ нимҳимоятгари "Рейн" Эдуардо Камавингро даъват намуданд. Нимҳимоятгари Тоттенхэм Тангуй Ндомбеле низ ба COVID-19 сироят ёфтааст . Вай низ ба тими миллӣ даъват нашудааст. Ёдовар мешавем, ки Пол Погба дар мавсими гузашта, дар тамоми мусобиқаҳо 27 маротиба ба ҳайати даста ворид шуда, 1 гол ва 4 паси головарро ба номаш сабт намудааст.
Таҳияи Наҷбудинов Маҳмадназар

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив