LIVE

Зидан аз Погба дил канда наметавонад

Роҳбарияти бошгоҳи “Реал” билохира барои ҷалби ниммуҳофизатгари фаронсавӣ - Пол Погба розӣ шуд. Мадридиҳо нақша доранд, ки тобистони соли ҷорӣ ситораи «Манчестер Юнайтед» - Пол Погбаро харидорӣ кунанд. Чӣ тавре, ки манбаъ менависад, худи сармураббии “Реал” - Зидан аз президенти даста хоҳиш намудааст, ки Чемпиони ҷаҳон дар ҳайати мунтахаби Фаронсаро ба ҳайати асосии даста шомил созанд. Бошгоҳи испанӣ дар аввал омода буд, ки барои ин ситораи футболи муосир 100 млн евро пардохт кунад. Аммо бо сабаби хурӯҷи коронавирус “Реал” аз пардохти чунин маблағ даст кашид ва барои Погба аз 60 млн евро зиёд маблағ доданӣ нест.
Маврид ба ёдоварист, ки Погба соли 2016 бо арзиши 105 млн евро аз “Ювентус” ба “МЮ” гузариш намуда буд.
Дар навбати худ “Ювентус” низ дубора хостори Погба шудааст, аммо вазъияти мушкили иқтисодӣ, ки бар асари коронавирус ба миён омад, аз хариди чунин як футболбози гаронбаҳо даст кашид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив