LIVE

Пешниҳоди Погба аз ҷониби созмони тандурустӣ пазируфта шуд

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз амали футболбози фаронсавии тими “Манчестер Юнайтед” - Пол Погба истиқбол намуд. Погба дар сомонаи "Инстаграмаш" аз тамоми мардуми сайёра даъват ба амал овардааст, ки ҳангоми атсазанӣ ва сулфа даҳони худро маҳкам намоянд. Ин амалро Погба ҳангоми истиқбол аз голҳои худ нишон медиҳад, ки миёни  мардуми қораи Африқо ҳамчун “дэб” маъмул аст. Ин пешниҳодро Погба 15-уми март дар рӯзи зодрӯзаш гуфтааст. "Имрӯз рӯзи зодрӯзам аст, аз он шодам, ки ман ва аҳлу оилаам, дӯстонам саломатанд". Аммо, ҳоло аксари одамон мушкилоти саломатӣ доранд. Биёед дар якҷоягӣ бо ин беморӣ муқовимат кунем. Зеро Covid-19 ба ҳаёти бисёриҳо, аз ҷумла кӯдакон, таъсир мерасонад. Дар чунин ҳолатҳо мо бояд якҷоя амал кунем. Дар Фаронса 2876 ҳолати сироятёбӣ бо коронавирус ба қайд гирифта шуда, 61 нафар аз ин беморӣ вафот карданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив