LIVE

Ҷавоби Погба ба Иброҳимович

Ниммуҳофизатгари “Манчестер Юнайтед” ва мунтахаби Фаронса Пол Погба аз пайвастшавии худ ба Bottle Cap Challenge дарак дод. Дар ин ба истилоҳ “мусобиқа” даъвогар бояд сарпӯши қутии оби нӯшокиро бо усули ғайриоддӣ кушояд. Футболкори 26 солаи фаронсавӣ ба флешмоби маъруфи мазкур, ки тӯли чанд вақти охир идома дорад, бо пешниҳоди собиқ ҳамдаста ва ҳоло футболбози бошгоҳи “Лос-Анҷелос Гэлекси”-и MLS Златан Иброҳимович пайваст шуд.
Пол Погба дар кӯшиши худ ҳаракат кард, то иҷроиши ин амалро боз ҳам душвортар кунад. Ӯ якуякбора ду сарпӯши қуттии обдорро бо чарх задан кушод. Навори иҷроиши ин амали Пол Погба дар саҳифаи “Инстаграм”-и расмиаш дастрас аст.
Қаблан як қатор варзишгарони маъруф аз қабили размоварони ММА Тони Фергюсон, Сергей Харитонов ва Конор Макгрегор, хоккейбози дастаи “Ак Барс”-и Қазон Данис Зарипов, чемпиони ҷаҳон дар равияи WBA-и бокси касбӣ Дмитрий Бивол ва дигарон дар Bottle Cap Challenge иштирок карданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив