Тибқи маълумоти Marca ниммуҳофизатгари бошгоҳи “МЮ” – Пол Погба корномаи варзишиашро дар “Реал” идома медиҳад. Бо иттилои сарчашма, “гаразмониҳо” нақша доранд, ки футболбози 26 солаи фаронсавиро то 1-уми июли соли ҷорӣ ба таври расмӣ харидорӣ намоянд. Дар «Сантяго Бернабеу» ҳама медонад, ки харидории Пол аз “МЮ” осон нахоҳад буд, аммо мадридиҳо баҳри амалӣ сохтани орзуи мухлисон кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Бо хабаргузории ВАО арзиши гузариши Погба 150 млн евроро ташкил медиҳад.
