LIVE

Мариано Диас мубталои COVID 19 гардид

Ҳамлавари "Реал" мубталои бемории COVID 19 ё худ коронавирус гардид. Бино ба иттилоъи сомонаи расмии дастаи "Реал Мадрид" ҳамлагари ин тим, Мариано Диас ба коронавирус гирифтор шудааст. Санҷиши тиббии Мариано натиҷаи мусбат додааст. Ҳоло ӯ дар танҳоӣ қарор дорад ва ба карантин дар хона фаро гирифта шудааст. Инчунин ӯ дар тамринҳои имрӯза низ иштирок надошт. Мариано дар ин мавсим дар ҳайати "мадридиҳо" дар тамоми мусобиқаҳо 16 бозӣ доир намуда, ба задани 2 гол низ мушарраф гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки ин аввалин бозигари дастаи шоҳона нест, ки ба коронавирус сироят мешавад. Қаблан Лука Йович низ мубталои каронавирус шуда, ҳамлагари серби бо сабабӣ ин мушкилӣ ва таъмини бехатарӣ дар хона  бознишинӣ карда буд.
Таҳияи Маҳмадназар Наҷбудинов

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив