LIVE

Шогирдони Муҳсин Муҳаммадиев каронавирус шудаанд

Як қатор бозигарони ҳайати асосии дастаи “Бухоро”-и Ӯзбекистон, ки сармураббии он мутахассиси тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев мебошад, ба бемории сироятии COVID-19 гирифтор шудаанд. Ташхиси тиббӣ нишон додааст, ки 8 бозигари даста мубталои коронавирус шудаанд. Дар ин бора Championat.Asia. хабар додааст. 
“Бухоро” чорумин дастаи Суперлигаи Ӯзбекистон мебошад, ки дар миёни бозигаронашон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт мешавад. Қаблан ташхисҳо дар бадани футболбозони тимҳои «Бунёдкор», «Сурхан» ва «Пахтакор» ҷавоби манфӣ доданд.
Ҳамчунин сироятёбии вируси COVID-19 дар бархе аз бозигарони мунтахаби то 16 солаи Ӯзбекистон низ ба қайд гирифта шудааст. 
«Бухоро» баъд аз 8 даври чемпионат бо ду имтиёз мақоми 14-уми ҷадвали умумии Суперлигаро ишғол мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив