LIVE

Аввалин пирӯзии Муҳаммадиев дар Суперлигаи Ӯзбекистон

Дастаи "Бухоро", ки онро мутахассиси тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев роҳбари мекунад, дар даври 13-уми мусобиқоти қаҳрамонии Ӯзбекистон зафар ёфт. Футболбозони "Бухоро" дар ин давр тими "Андиҷон"-ро бо ҳисоби минималии 1:0 дучори бохт карданд. Ягона гол ба Беҳрӯз Шодмонов таалуқ дорад, ки аз зарбаи ҷаримавӣ ба самар расонид. Дастаи Муҳсин Муҳаммадиев бо ин ғалаба аз "Андиҷон"пеш гузашта зинаи 12-уми ҷадвалро ишғол кард. Қабл аз ин дастаи "Бухоро" бо роҳбарии мутахассиси тоҷик аз дастаи "Пахтакор" ва "Навбаҳор" дар доираи чемпионат ва аз "Андиҷон" дар доираи даври 1/16 ниҳоии Ҷоми Ӯзбекистон ба бохт дучор омада буд. 

Суперлига (Ӯзбекистон) Даври 13-ум 

БУХОРО — АНДИҶОН - 1:0

Бухара. Маҷмааи варзишии “Бухоро”. 5226 тамошобин. 

   

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив