LIVE

ӮЗБЕКИСТОН: Бухоро боз мағлуб шуд

Дастаи "Бухоро"-и Муҳсин Муҳаммадиев дар бозии даври 19-уми чемпионати Суперлигаи Ӯзбекистон дар майдони худ аз "Сурхон" шикаст хӯрд. Ин бозӣ бо натиҷаи 0:2 ба фоидаи меҳмонон ҷамъбаст шуд. Фатҳулло Фатҳуллоев ниммуҳофизатгари ин даста аз дақиқаҳои аввал ба майдон омада, дар дақиқаи 51-уми рақобат иваз карда шуд. Ин даста ҳоло бо 15 имтиёз қафомондатарин дастаи чемпионати Ӯзбекистон аст. Дар даври 20-ум шогирдони Муҳаммадиев бо дастаи "Насаф" дар сафар бозӣ мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив