LIVE

Ду ҳамлагари «Реал» ба коронавирус сироят шудаанд

Сармураббии «Реал» - Зинедин Зидан хабар дод, ки  ҳамлагари даста Винисиус Жуниор ба коронавирус сироят шудааст.

«Табибон ба ман гуфтанд, ки ташхис ҷавоби хуб надодааст. Мо дубора озмоиш кардем ва интизори ҷавоби он ҳастем. Баъзан санҷишҳо номуваффақ мебароянд, чунин ҳолатҳо  кам нестанд. Тавре, ки медонед ҳамеша дар чунин вазъ футболбоз тамрин карда наметавонад. Умедворам, ки Винисиус солим аст ва фардо имкон пайдо мекунад, ки тамринро идома диҳад», гуфтааст Зидана ба сомонаи Marca.
Қаблан гуфта мешуд, ки Винисиуса бо ҳамдастаи худ Лука Йович, ки мубталои каронавирус шудааст, робита доштааст. Феълан ҳамлагари серби бо сабаби ин мушкилӣ ва таъмини бехатарӣ дар хона  бознишинӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив