Футболбози «Реал» Винисиус Жуниор аз дастури сармураббӣ Зинедин Зидан барои иҷрои як чанд машқҳо саркашӣ намуд. Дар ин бора Marca навиштааст. Баъд аз вохӯрии даври 19-ум бар муқобили «Хетафе» (3:0) ситоди мураббиён ба хулосае омадаанд, ки бояд футболбозонашон як чанд ҳаракатҳои ҷисмониро анҷом бидиҳанд, ки дар миёни онҳо ҳамчунин Винисиус низ ҷалб шуда буд. Вале бозигари бразилӣ баъд аз чанд лаҳзаи тамрин ба мураббӣ гуфтааст, ки хастааст ва аз идомаи тамрин саркашӣ намуда, ба утоқи либосивазкунӣ рафтааст.