LIVE

Руни: хуб мешавад агар Погба аз «МЮ» равад

Ҳамлагари собиқи «Манчестер Юнайтед» ва Англия Уэйн Руни, ки ҳоло сармураббии «Дерби Каунти» мебошад, изҳор дошт, ки нимҳимоятгар Пол Погба бояд дастаи Англияро тарк кунад.
«Ман фикр мекунам, ки кор ба дараҷае расидааст, ки Погбаро рафтанаш беҳтар аст. Агар Пол нисбат ба худ ростқавл бошад, вай медонад, ки ӯ натавонистааст таъсири дилхоҳашро ба даста расонад. Ман бозии ӯро дар тими миллии Фаронса тамошо мекунам ва ӯ бозигари комилан дигар аст. Қобилияти ӯ, диди ӯ, назорати ӯ дар ҳар як бозии тими миллӣ мавҷуд аст. Дар «Манчестер Юнайтед» ин тавр нест. Ман фикр мекунам, ки чанд бозигаре ҳастанд, ки клуб бояд аз онҳо ҷудо шавад" гуфт Руни.
 Ёдовар мешавем, ки Погба соли 2016 аз “Ювентус” бо маблағи 100 миллион евро ба “Манчестер Юнайтед” гузашта буд. Дар мавсими ҷорӣ нимҳимоятгари 29-сола дар 17 бозии Премйер-Лигаи Англия ширкат карда, як гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив