LIVE

Вокуниши Руни аз гузариши Роналду ба "МЮ"

Собиқ футболбози дастаи “Манчестер Юнайтед” ва сармураббии тими “Дерби Каунти” Уейн Руни гузириши Криштиану Роналдуро шарҳ дод. 

“Гузариши Роналду ба даста таъсири калон мерасонад. Вай то ҳол яке аз беҳтарин футболбози сайёра аст. Фикр мекунам, мо ҳама дидем, ки ӯ дар муқобили Ирландия чӣ кор кард. Роналду 2 голи зебо зад. Баргашти ӯ ба кулли лига таъсир мерасонад.

Фикр мекунам, акнун “МЮ” омода аст, ки барои ҷоизаҳо талош кунад ва бояд ин корро дар ин мавсим кунад. Роналду хеле имконҳои зиёд пайдо мекунад ва голҳои зиёд мезанад”, - иқтибос меорад суханҳои Руниро  talkSPORT.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив